БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошат

НОРАК. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Безарагардонӣ”-и шаҳри Норак бо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Муслима Ғуриева оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, сатҳи огоҳии мардум аз бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ аз он, санаҳои муҳими таърихии дарпешистода  суханронӣ намуда, ҳамагонро бо фарорасии ҷашнҳои фархунда табрик гуфт.

Баъдан Исмоилова Парвина оид ба  сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли 2018, огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он,  пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои корам, вусъат бахшидан ба корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ ва кишти тирамоҳӣ, сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, ки ин ҳама аз самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба шумор мераванд, андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва  саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg