БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунари мо ифодагари фарҳанги мост!

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Саодат» -и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо сокинони кӯчаи  ба номи Н.Хусрав 42,45,47  иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Чорабиниро  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузории чорабиниву мулоқотҳо ин таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ, дар амал татбиқ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сафарбар намудани сокинони маҳал дар ҳалли масъалаҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин ҷалби онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иборат мебошад.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Пас аз суханрониҳои судманд масъулин аз намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҳунармандони завқманди маҳалла ба намоиш гузошта буданд, дидан карда ба ҳунару маҳорати волои ҳунармандони чирадасту хушсалиқа баҳои баланд доданд.

Дар охири чорабинӣ ба фаъолони  ҲХДТ    барои  иштирок  ва  саҳми босазои худро гузоштан дар чорабинии  мазкур бо Сипосномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg