БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба кор даромадани чархаи аввали НБО Роғун саодату шаҳомати мост!

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон доир карда шуд.

Сокинони деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, дӯзандагиву бофандагиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара  ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок карда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан ба амал оварданд. 

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин доир ба таърих ва моҳияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи зафар ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и Роғун, ки саодату шаҳомати мост суханронӣ намуда, ҳамагонро барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашнҳои пурифтихори миллат раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg