БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ҳамбастагиву ҳамоҳангӣ метавон бо хатарҳои замони муосир муқовимат кард

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” Тағоев Бурихон иштирок ва ибрози назар намуданд.

Террориз ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки хатари онҳо рӯз аз рӯз рӯшантар мегардад. Дар ин росто Тоҷикистон пешоҳанги мубориза алайҳи ифротгароӣ мансуб меёбад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоваранд, ки мубориза бар зидди онҳо пурзӯр карда шаванд-чунин қайд дошт дар баромадаш Фирӯзи Саидмӯъмин.

Дар навбати худ Тағоев Бурихон гуфт, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ин ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати мубориза ба зидди хатару таҳдидҳои замони муосир талош карда, фаъолияти созандаро минбаъд дар ин самт густариш бахшида, ба роҳ мемонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg