БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои созандагиву ободонӣ ба хотири истиқболи санаҳои муҳимми таърихӣ

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми НБО-и Роғун бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.

Дар корҳои созандагиву ободонӣ иштирокдорон юбо шукргузори аз фазои сулҳу ороми кишвар фаъолона иштирок карда, дар тоза намудани кӯчаву роҳравҳо, нарм намудани бехи дарахтони ороишиву сояафкани назди ташкилоту идораҳо, аз алафҳои бегона ва аз партовҳо тоза намудани гирду атрофи ҷӯйборҳои обгузар саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Дар ин рӯз кӯчаву роҳравҳо ва ҷӯйборҳои обгузари маркази ноҳия пурра аз партовҳо тоза карда шуда, сокинон ният доранд ҷашнҳои пурифтихори давлату миллатро, ки рӯзҳое ба шумор мондаанд бо дастовардҳои хубу назаррас истиқбол гиранд.

Чунин корҳои ободониву созандагӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар партави Аксияи ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg