БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун ба мо нуру гармӣ мебахшад

ДӮСТӢ. Дирӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абубакр Ҷалолов ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ» Ниёзмуҳаммад Қурбонов бо табибону ҳамширагон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба дастоварди бузурги даврони истиқлолият, махсусан ба истифодадиҳии якумин агрегати Нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ки санаи 16 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, ба хонадони мардуми Тоҷикистон нуру гармӣ мебахшад, андешаронӣ намуд.

Инчунин, аз тамоми иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бояд фаъол буда, баҳри рушду пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Дар рафти вохӯрӣ ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатнома ва нишони ҳизбӣ дар ҳузури иштирокчиён тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg