Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии ҷомеа мароми мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар раванди расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ба кор оғоз намудани якумин чархаи (агрегатӣ) НБО Роғун санаи 16 ноябри соли ҷорӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, робитаи самимӣ бо ҷомеа, арзиши баланди касбӣ, Истиқлолияти давлатӣ - кафили суботи сиёсӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Зимнан иброз дошта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи талошҳои пайваста ба сифати давлати мустақилу демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инкишофи озодона ва шароити арзандаи зиндагиро барои ҳар як шаҳрванд фароҳам меорад ва ин мафҳум дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg