Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Варзиш асоси зиндагии солиму шоиста аст!

ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар мактаби варзишии кӯдаконаи ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо омӯзгорони ин муассиса хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафарова Ҳафиза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дар руҳияи созандагиву бунёдкор тарбия намудани ҷавонон, ҳифзи амнияти кишвари азизамон суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева иброз намуд, ки тарбияи ҷисмонии кӯдакон ва наврасон - раванди тарбия ва таълим барои омода намудани инсон ба хизмати ҷомеа, давлат, фаъолияти самарабахш, нигоҳдорӣ ва таълими наслҳои нав бо мақсади таъмини саломатии кӯдакону наврасон ва такмили доимии тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ақлонӣ мебошад.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ, мураббии мактаби варзишӣ Шералиев Шарифхон иброз дошт, ки боиси ифтихор аст, наврасоне, ки мо тарбия мекунем чӣ дар озмунҳои дохилӣ ва чӣ дар берунӣ иштирок намуда, парчами Ватани азизамонро баланд мебардоранд.

Ин ҳама аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад, ки вохӯриву мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо наврасону ҷавонони кишвар собит месозанд, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд доранд. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, эҳтиром ва гиромӣ доштани муқаддасоти Ватани азиз ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкориҳои Ватани маҳбубамон тарбия намоем.

Дар анҷоми хониши сиёсӣ якчанд омӯзгорони ҷавони ин мактаб барои аъзо шудан ба ҲХДТ аризаҳои худро пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg