Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Аз ҳунарманд ҳунар биомӯз!

ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Вахш дар деҳаи Пешқадами ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳияи Вахш бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур занони хунарманд ҳунарҳои дастии худро бо рангорангии гуногун пешкаши ҳамагон гардониданд, ки аз ҷониби иштирокдорон заҳмати онҳо бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Вахш Сайёра Мардонова иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвар таъкид доштанд, ки Тоҷикистони мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва аз нигоҳи иқлим боду ҳаво, манзараҳои табиат, обҳои шифобахш вачашмаҳои мусаффо, урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад. Бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ миллати тоҷик метавонад, тамаддуни фарҳанги миллиро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ созад.

Дар охири чорабинӣ Сайёра Мардонова ба аҳли ҷамъомадагон таъкид дошт, ки ҳунару маҳорати худро ба занону духтарони хонашин омӯзонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg