Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Роғун сари баланди тоҷик дар назди ҷаҳониён аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иҷлосияи -16” тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Саймуҳаммад ва мутахассиси шубаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Нахуст, масъулон  оид ба  самтҳои афзалиядноки фаъолияти ҳизбӣ сухан гуфта,  иброз дошт, ки  яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ  мебошад. Ҷойи зикри хос аст, ки зимни баёни Паёми навбатии Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд гардидааст, ки имсол дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ аввалин бор аст, ки маҳдудияти барқ  пурра бардошта шуд ва мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ  хеле наздик шудем. Ин дастоварду  комёбии бузург боиси  шукургузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати сартосарӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg