БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТИ ТОҶИК СОҲИБИ МАЪБАДИ НУР ГАШТ!

АНДЕША. Қобили зикр аст, ки пас аз таъмини фазои сулҳу субот дар кишвар тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо имкон пайдо намудем, ки заминаҳои асосии рушди минбаъдаи Тоҷикистонро фароҳам сохта, барномаи рушди минбаъдаи онро муайян созем. Метавон гуфт, ки дар ин замина қабул гардидани Стратегияи рушди ҳазорсола такони ҷиддие ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии кишвар гардид. Дар ин асос Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи асосиро, яъне ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавориро тарҳрезӣ намуд, ки амалисозии онҳо минбаъд ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, инчунин баландбардории сатҳ ва сифати зиндагии сокинони кишвар мусоидат карда истодааст. Ҳамзамон, ин иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат Тоҷикистонро се маротиба аз вартаи буҳрони ҷаҳонии молиявӣ наҷот дод.

Дар раванди амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии кишвар доимо бо таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон барои тараққӣ додани соҳаи истеҳсолот, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши хоса дорад. Чи тавре, ки аз Паёмҳои Пешвои миллат бармеояд, рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти пурраи энергетикӣ ғайриимкон аст, бинобар он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуботи соҳаи энергетика ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва умуман дар масъалаи сатҳи глобалии об дар сайёра диққати хоса зоҳир менамояд.

Барои ба ин мақсад расидан аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Барои пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 4 млрд кВт.с нерӯи барқи иловагӣ лозим буд. Бинобар барои ҳар чӣ зудтар ба истиқлолияти энергетикӣ расидан Пешвои миллат роҳи наҷот аз ин буҳронро дар сохтмони НБО “Роғун” пайдо кард ва дастур дод корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, дар солҳои наздик агрегатҳои аввалини нерӯгоҳ ба истифода дода шавад.

Мутобиқи таҳлилҳои коршиносон ҳаҷми обанбори НБО “Роғун”  13 км3 буда баландии сарбанди он 335 метрро ташкил медиҳад. Дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор додани ин иншоот ҳар сол 13 млрд кВт.с нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда мешавад. Бо ба кор андохтани нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар Тоҷикистон дар баробари он, ки обёрии бо эътимоди зиёда аз 3 млн гектар заминҳои обёришавандаи ҳавзаи Амударёро дар солҳои беобию хушксолӣ кафолат медиҳад, ҳамчунон ба камшавии 100 млн тонна партовҳои гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.

Боиси ёдоварист, ки НБО “Роғун” ба монанди НБО “Норак” бо мақсади тавлиди нерӯи барқи арзон, беҳбудии обтаъминкунӣ ва аз худ намудани заминҳои нав ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони он оғоз гардида буд. То саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 30%-и корҳо аз он ҷумла роҳсозӣ, нақбканӣ ва таҳрезии сарбанди он иҷро гашта буд. Барои пурра ба истифода додани нерӯгоҳ тақрибан 3 млрд доллари амрикоӣ зарур буд. Бинобар ҳамин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмияҳои нерӯгоҳи обии барқии Роғун ба фурӯш бароварда шуд, ки сокинони ҷумҳурӣ аз он ба маблағи зиёда аз 200 млн доллари амрикоӣ харидорӣ намуданд. Аз буҷети ҷумҳуриявӣ бошад ҳар сол барои ин сохтмони бузург тақрибан 150 млн доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад.

         Аҳамияти аввалиндараҷаи нерӯгоҳи Роғун дар он аст, ки талаботи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нерӯи барқ пурра таъмин карда, зиёда аз 60% нерӯи барқи истеҳсолшуда ба хориҷи кишвар содирот мешавад ва ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ фоидаи калон меорад. Аҳамияти дигари нерӯгоҳи обии Роғун дар он аст, ки обанбори нерӯгоҳи Норакро бо оби тоза таъмин намуда онро аз зиёд шудани лойқаи таги баҳр эмин нигоҳ медорад.

Тавре дар назар дошта шудааст, рӯзи 16 ноябри соли 2018 чархи (агрегат) аввалини НБО “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад. Ҳизбиёни ноҳияи Данғара имрӯзҳо оиди масъалаи мазкур чорабиниҳои таблиғотии гуногун гузаронида, аҳамияти таърихӣ доштани НБО “Роғун”-ро ҳамчун гарави асосии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба сокинон фаҳмонида истодаанд. Мардум бо ифтихору сарбаландӣ аз ин муждаи нек НБО “Роғун”-ро маъбади нур медонанд ва бесаброна интизори оғози кори онанд.

Пирмуҳаммад КАРИМОВ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg