БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР РОҒУНИ МО НИГАР, КИ ИД ОМАДААСТ!

АНДЕША. Мардуми шарифи Тоҷикистон баъди соатҳои ба шумору деринтизор, алорағми мухолифатҳову монеъагузориҳои беруниву имкониятҳои маҳдуди дохилӣ бо заҳмату талошҳои хастанопазири фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди шоҳкории аср-ба кор даровардани аввалин чархаи НБО “Роғун” гашта, бори дигар ба ҷаҳониён собит менамояд, ки мардуми Тоҷикистон идомадиҳандаи кору пайкори ниёгони тамадунофари хеш буда, миллати бофарҳангу нерӯманд мебошанд.

Чун ба таърихи ин иншооти аср назар афканем, дармеёбем, ки гуё ин иншоот аз рӯзҳои аввалини оғози бунёдаш, ҳамсони миллати тоҷик, ки гоҳе аз зулму ситами бадхоҳони аҷнабӣ, гоҳе дигар аз хоиниву каҷфаҳмиҳои фарзандони ноқобили хеш дар давраҳои гуногун таҳқиру азият кашида, вале заррае сар наафканда мавҷудияти хешро ҳифз намудааст, ҳамтақдир бошад.

Бунёди НБО “Роғун” дар давраҳои побарҷо будани собиқ ИҶШС оғоз гардида, ҳануз дар ҳамон давра ба маҳдудиятҳову мухолифатҳои зиёде, ҳам аз марказ ва ҳам аз дохили кишвар мувоҷеҳ гардида буд, ки оқибат сохтмони он ба пуррагӣ қатъ гашт. Ҳатто қисмати кучаки сохтмони бунёдгаштаи он ҳам ба пурагӣ тахриб гардида буд. Баъди аз ҳам пош хурдани ИҶШС низоми ягонаи таъминоти барқӣ низ аз байн рафта, дар кишварамон норасоӣ ва танқисии нерӯи барқ бараъло мушоҳида гардида, талаботи мардум ба он рӯз то рӯз афзоянда гардид. Мардум аз норасоӣ ва аз танқисии таъминоти барқ азият кашида, хусусан, дар давраҳои тирамоҳу сармо моҳҳои дароз ягон соат ҳатто барои чароғон кардани хонаву кошонаи худ ба нерӯи барқ дастрасӣ надоштанд. Заводу корхонаҳо моҳҳо аз фаъолият боз монда, истеҳсолоти саноатӣ рӯ ба таназул ниҳода буд, ки дар маҷмуъ ба ғанӣ гаштани буҷаи миллӣ таъсири чашмраси манфӣ мерасонд.

Маҳз дар чунин шароити душвори ба амаломада Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати азалии хеш расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон намуда, иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад ва ҷиҳати раҳоӣ ёфтан аз буҳрони энергетикӣ ба ҳукумати кишвар дастур доданд, ки аз захираҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода намояд. Дар ин замина дастур дода шуд, ки барномаву лоиҳаҳои сохтмонӣ тартиб дода, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар рӯдхонаҳои кишвар силсила-нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Мардуми шарифи кишвар худ шоҳид мебошад, ки дар як муддати кутоҳ ҷиҳати иҷроиши дастури зикргардида, дар мамлакатамон зиёда аз 90-адад нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна аз қабили Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 сохта ба истифода дода шуд, ки он ҳам талаботи афзоянда ба нерӯи барқро ба пуррагӣ таъмин карда наметавонист. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат аз худ матонату мардонагӣ, қавииродагиву шуҷоатмандӣ зоҳир намуда, алорағми мухолифатҳову монеагузориҳои беруна, бунёди НБО “Роғун”-ро ногузир шуморида, ба бунёди ин иншооти азими аср оғоз бахшиданд. Пешвои миллат НБО “Роғун”-ро барои Тоҷикистон ҳаёту мамот шуморида, эълон намуданд, ки ин иншооти нанги миллӣ маҳз ба нерӯи худамон бунёд мегардад ва аз ҳар фарди ватандӯст даъват ба амал оварданд, ки дар сохтмони он саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар рӯзҳое, ки ин иқдоми мардонагиро бадхоҳони дохиливу хориҷӣ хаёли хому афсона меҳисобиданд, Пешвои муаззами миллат дар муроҷиатномаашон ба мардуми шарифи кишвар чунин иброз намуда буданд: «Он рӯз дер нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт ».

Инак бо бахти баланди миллати тоҷик нияти хайри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшида, дили мардуми кишвар лабрези фараҳу шодӣ гашта, руҳи поки ниёгони бузургамон шод гашта, аввалин чархаи иншооти ормони миллӣ НБО Роғун чарх мезанад! Ин рӯзи фараҳбахшу рӯҳафзояндаро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳаммиллатонӣ бурунмарзӣ сидқан шодбошу муборакбод мегӯям!

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,

Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.

Бар миллати мо Сарвари фархунда накӯст,

Хушбахтӣ зи ҳамдилӣ падид омадааст.

Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,

Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш.

Бунёдкорони тоҷик чун Фарҳоди таҳамтан дили куҳи хороро шикофта, пеши дарёи шуху саркаши Вахшро баста, нақбҳои тӯлонӣ бунёд намуда, дар синаи куҳҳои сарбафалакпечида НБО “Роғун”-ро ба кор медароранд! Ба шарофти Роғун хонаву кошонаи мардуми кишвар ба таври доимӣ чароғон гашта, аз партави нури он хонадони мардуми ҳамсоякишварҳоямон низ пурзиё мегардад. Роғун манбаи азими нуру зиё гашта, Ватани маҳбубамонро ба давраи нави рушду тараққиёт мерасонад. Аз нерӯи сабзи он садҳо заводу корхонаҳо баҳравар гашта, молҳои ниёзи мардум истеҳсол шуда, буҷаи миллиамон ғанӣ мегардад. Иқтисодиёти кишварамон ба маротиб рушд ёфта, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта, таъминоти иҷтимоии мардум сатҳу сифати навро касб мекунад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани НБО “Роғун” эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерӯи барқ ба пурагӣ таъмин гашта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи нерӯи барқи сабз табдил меёбад, ки эътибору шуҳрати Ватани азизамонро баланд бардошта, мавқеъи онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳакам мегардонад. Вижагии дигари НБО “Роғун” дар он таҷассум меёбад, ки оби дарёи Вахш дар обанбори он такшин шуда ба обанбори НБО “Норак” мерезад, ки ба нерӯгоҳи баъдӣ ҳаёти дигарбора мебахшад.

НБО “Роғун” аз ҷиҳати сохтмони муҳандисӣ дар дунё беназир буда, имрӯз ба вожаи ТОҶИК тавъам гардида, муарифгари аслии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад. Роғун барои наслҳои оянда мероси гаронбаҳое мебошад, ки муаррифгари шоҳкориҳои наслҳои имрӯз мегардад.

Роғун калиди фатҳ аст, Роғун навиди фатҳ аст,

Боби наве кушояд дар рушди давлати мо!

Одилҷон Маҳмадов – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg