БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАРДИШИ ЧАРХАИ РОҒУН ИН ГАРДИШИ ЧАРХИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!

АНДЕША. Дар пайи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи сазовори худро пайдо карда, дар ҳалли масоили марбут ба минтақа нақши фаъол дорад. Бо шарофати ин сиёсати созанда ҳамакнун Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои бузурги стратегии худ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил шуда истодааст. Метавон гуфт, ки гардиши чархаи аввали агрегати Роғун ин гардиши наве дар тақдиру бахту саодати миллати тоҷик мебошад. Мо сарбаланд аз онем, ки таҳти сарварии Пешвои худ марзи номуси худро ҳифз карда ба ин рӯзҳои нек расидем.  Дар ин росто, ҷиҳати шарҳи он ки мо бо кадом роҳҳо ба ин бахту саодат ноил шудем, мехоҳам заминаҳои онро дар мисоли ташаббусҳои Пешвои миллат дар роҳи давлатсозӣ ва ниҳоят эҳёи Роғун аз рӯзҳои оғози соҳибистиқлолӣ мухтасар шарҳ диҳам.

Нахуст, бояд гуфт, ки мавқеи Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлоли осудаву ором эътироф гардидааст. Ин омилро ба риштаи таҳлил кашида, муваффақиятҳои кишварамонро дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ пеши рӯ биорем, марҳила ба марҳила муқоиса кунем, дар ҳар як хишти бинои ин давлат хизматҳои арзандаи Пешвои миллат пеши назар меоянд. Зеро ӯ аз лаҳзаҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш на ба кадом як гурӯҳу қувваи алоҳида, балки ба халқ такя карда, давра ба давра мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеаро ҳал кард. Хоҷагии халқи аз инкишоф бозмонда, сохторҳои ҳукуматии фалаҷгардидаро фаъол гардонид ва батаҷрид шароити созгорро баҳри оғози муътадилгардонии вазъи буҳронии ҷомеа ба вуҷуд овард.

Баъди раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш дар Сессияи шаҳри Хуҷанд соли 1992 ба халқ муроҷиат карда, ончи гуфт, иҷро намуда, ба аҳду паймони хеш устувор истод. Ин устувории Роҳбари давлат қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба андеша водор кард, онҳо низ аз андешаи созанда кор гирифта, диданд, ки Эмомалӣ Раҳмон Пешвои ғамхори халқ дурандеш, ояндабин ва адолатпарвар аст. Ҳамаи ташаббусу ибтикор ва даъвату ҳидоятҳояш ба озодии мардум ва ободии кишвар нигаронида шудаанд.

Бояд гуфт, ташаббусҳои неки Роҳбари давлат дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомада, балки дар таърихи пурғановату пурпечутоби халқи тоҷик реша доранд ва аз сарчашмаи ҳикмату башардӯстии азалии тоҷикон об мехӯранд. Симои халқҳои Тоҷикистонро дар оинаи вақт инъикос намуда, зарурати дигаргуниҳои куллӣ ҷорӣ кардан дар ҷомеаи навини Тоҷикистонро ба мардум мефаҳмониданд. Дар ин асос Пешвои миллат дар гузоришу муроҷиатҳо, суханрониҳо ва баромадҳояшон ба такрор зарурати дар муҳити нави сиёсӣ давлатсозӣ ва милатсозиро аз нигоҳи таърихӣ, илмӣ ва ҳуқуқиӣ асоснок кард. Яъне самтҳои инкишофи ҷомеаро дар сиёсати дохилӣ ва берунӣ дақиқ муайян сохт ва баҳри тақвияти худшиносӣ ва ватанпарварӣ, эҳёи ананаҳои миллӣ ва фарҳангӣ шароити созгор ба вуҷуд оварда шуд. Корҳои муҳим дар самти баргузории ҷашнҳои умумимиллӣ, устувор кардани асосҳои қонунии давлатсозӣ, шароити мусоиди инкишофи моддию маънавии кишварро ба вуҷуд овард.

Ин омилҳо дар фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки талошҳои ӯ дар самти ноил шудан ба сулҳи сартосарӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми кишвар дастгирии комил ёфтанд.

Қувваҳои мухолиф ва калавандае, ки мавқеи худро муайян накарда буданд, моҳияти ваҳдат ва баҳамоии халқҳои Тоҷикистонро дарк карданд. Манфиатҳои манфиати давлату миллатро муқаддамтар аз манфиатҳои хеш дарёфтанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд ба хотири сулҳу ваҳдат гузашт кард. Созишномаи истиқрори сулҳ дар Маскав ба имзо расид. Ҳамдигарфаҳмӣ инкишоф ёфта, муҳоҷирони иҷборӣ, ки аз касрати ватанфурушони наҳзатӣ бехонаву сарпаноҳ гашта буданд, ба ҷойҳои зисти пешиинаашон баргаштанд. Бесарусомонӣ, нобоварӣ ба якдигар дар ҷомеаро ба боварӣ ба ояндаи нек ва рушди батаҷрид иваз карданд.

Ниҳоят Пешвои миллат дар ин давраи ҳассоси таърихӣ масъулияти хешро ҳамчун кафили устувории давлат ва якдилии миллат иҷро карда, зарфиятҳои андешаю ҷаҳони ботинии хешро чун роҳбари сиёсӣ амалан нишон дод, ва кишвари ҷангзадаро ба ҷодаи оромию сулҳ ва шоҳроҳи тараққиёт баровард. Ин амал ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон баҳои сазовор гирифт. Заминаҳоро баҳри гузаронидани ислоҳот муҳайё сохт. Раванди давлатсозӣ вусъат пайдо карда, беш аз пеш сифатҳо ва паҳлуҳои нави санъати Роҳбарии Эмомали Раҳмон аён гардида, ҷомеаро ба давраи сифатан нави рушд ворид сохтанд. Ин ҳама таҳаввулоти маънавӣ рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти фарҳангӣ ва башардӯстии халқи тоҷик обрӯи давлату миллатамонро дар муҳити нави сиёсии ҷаҳон афзуда, заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддии инкишоф додани иқтисоди миллӣ, тараққиёти хоҷагии халқро дар кулли соҳаҳо таъмин намуд. Нерӯи ҳаракатдиҳанда, ҷавҳари асосии таъминкунандаи пешрафту инкишоф дар ҷомеа ва осудагиву оромӣ дар рӯзгори мардум Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо амали созанда, андешаи бунёдкорона ва ҳидоятгаронааш ӯ дӯстдори халқ гардид ва ба рамзи давлату давлатдорӣ, мустаҳками Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табдил ёфт.

Пешвои миллат амал, андеша, муносибат, фарҳанги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии миллиро дар тӯлӣ фаъолияти роҳбариаш ба дараҷаи сифатан нав бароварда, дар замони ҷаҳонишавӣ халқи тоҷикро дар дунё муаррифӣ намуд ва бо фаъолияти серҷабҳа фишанги ҳифзи манфиатҳои миллиро ба вуҷуд овард. Халқ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои хешро пайдо кард ва бо ҳидояти ӯ худро аз буҳронҳои ҷаҳонӣ берун баровард. Ҷаҳонро аз ҳастии миллати ориёии созанда огоҳ сохт.

Инсоният шоҳиди он гардид, ки тоҷикон гавҳари аслии инсонии хешро, ки асос бар пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро дорад, дар тӯли асрҳо ҳифз карданд ва он дар лаҳзаҳои зарурӣ бо кумаки Пешвои ин миллат аз нав зуҳур намуданд.

Муваффақ шудан дар сиёсати дохилӣ ва дар арсаи байнанмилалӣ ба комёбӣ даст ёфтан дар ҳалли масъалаҳои ҳассоси минтақавӣ ва фароҷаҳонӣ устувор будан, ба гуфтугӯи тамадунҳо арҷ гузоштан ва ғайраро ба инобат гирифта, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ унвони Пешвои асри 21-ро сазовор донист.

Воқеан ҳам ин арҷгузорӣ асоси муътамад дошта, Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои аҳдофи стратегии мушаххас мебошад, ки амалӣ намудани онҳо ба вазъи иқтисодӣ, робитаи давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таъсири мусбат мерасонад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои тадбиқкунандаи «Иқтисодиёти сабз» мансуб ёфта аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98%-и барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд. Имрӯзҳо дар баробари таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда зарурати сохтмони нерӯгоҳҳои нави хурду калон ба миён омадааст. Яке аз чунин нерӯгоҳи бузурги обӣ, нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шумор меравад. Ҳукумати мамлакат барои бунёдӣ нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» соли 2017-ум аз ҳамаи манбаҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Хурсандиовараст, ки имрӯзҳо корҳои омодагӣ барои ба истифода додани чархи аввалини НОБ- и Роғун рафта истодааст. Дар баробари ба кор даромадан НОБ-и Роғун истеҳсоли қувваи барқро дар Ҷумҳури зиёд гардида амнияти энергетики таъмин мегардад. Аз ҳисоби истеҳсоли қувваи барқ ва фаъол шудани лоиҳаи «КАСА-1000» буҷаи давлат ба маротиб зиёд мешавад. Раванди аз кишвари агросаноатӣ ба кишвари саноатӣ аграрӣ табдил додани Тоҷикистони офтобрӯя вусъат гирифта, дастовардҳои иқтисодии кишварамонро дучанд хоҳанд кард.

Сарфарозиву сарбаландӣ, комёбӣ ва дастовардҳои кишварамон дар замони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти серҷабҳаи Раиси ҳизбамон сахт марбут аст. Мо ҳизбиён ин омилро мояи ифтихори хеш ҳисобида, аз он шодем, ки ҳадафҳои ҲХДТ ва давлату ҳукумати Тоҷикистон ягонаанд, халқҳои Тоҷикистон онҳоро пазируфтаанд. Баҳри амалӣ намудани онҳо бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи давлат муттаҳид гардида, бунёдкориву созандагиро ривоҷ додаанд.

Тавакал НАҶИДУЛЛОЕВ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg