БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирии беморӣ аз табобати он беҳтару хубтар аст

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  деҳаи Ёл атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ  доир намуданд.

Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим ва Сунатуллоева Мавзуна мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иштирок дошта, дар бораи  суханрониҳоиПешвои миллат муҳтарам дар ноҳияи Данғара,  вусъат додани кишту корӣ тирамоҳӣ, корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ ба хотиритаъмини амнияти озуқаворӣ,  кушодашавии чархаи якуми  Нерӯгоҳи барқи Обии Роѓун суханронӣ намуданд.

Инчунин,  дар идома масъулин оид ба терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз  шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мебошанд андешаронӣ намуда, афзуданд, ки  ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандуристиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули хизматрасонии  муосир бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро, аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg