БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-роҳкушову роҳнамои халқ дар ҷомеа

А.ҶОМӢ. Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ, ҷиҳати мустаҳкам намудани робита бо маҳаллаҳо ва ҷалби сокинон, алалхусус ҷавонони деҳот  ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳамзамон ҷалби занону  ҷавонон  ба эҳё ва рушди ҳунарҳои  мардумӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриҳо идома доранд.

Дар доираи татбиқи босифати ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо, дар деҳаи Турсунзода, ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ  фаҳмонидани моҳияти Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан -Модар, пешгирии ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи дурусти ҷавонон ба илмомӯзӣ, эълон гардидани Соли тақвияти робита бо маҳал ва баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад.

Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба ҳозирин  ҷиҳати дар амал ҳал намудани мушкилотҳое, ки дар деҳаву маҳалла ҷой доранд ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ҷойи зисти худ маслиҳатҳо доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg