БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадаф – татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ҷомеа аст

ҶАЙҲУН.  Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамчунин ҷиҳати расонидани моҳият ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроиям ҲХДТ Шомаҳмадова Ҷумаъгул, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва вакили маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳия Тангиров Нурмаҳамадщ доир гардонида шуд.

Чорабинии мазкурро раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумаъгул оғоз намуда, сипас вобаста ба амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, пешгирии бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади таъмини солимии маънавиёти ҷомеа, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа муфасал баромад намуда, қайд карданд, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ умри дубора бахшид ва имкониятҳои шоистаи сайёҳии мамлакатамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифи намуд. Бо ин роҳ ташкили ҷойҳои нави корӣ ба миён омада, сатҳи некуаҳволии  мардум беҳтар гардида истодааст. 

Шомаҳмадова Ҷумаъгул иброз доштанд, ки моҳи марти соли 2018 ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  соли 2018 аз тарафи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ташкилотҳои ҳизбӣ Соли  тақвияти робита бо маҳал эълон карда шудааст. Баҳри амали намудани  ин иқдом дар маҳаллаву деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинон ва фаъолон ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯриву мулоқотҳои судманд доир  карда шуда истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg