БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳалли мушкилоти сокинон мусоидат намуд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ҳақиқат 2-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Бо мақсади амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ибтикори  узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори муваффақу ватандӯст  Очилдиев Қаюм дар деҳаи Ҳақиқат-2  пули мошингузар ва зиёда аз 250-300 метр роҳро сангфарш карда шуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 15000 сомониро ташкил медиҳад.  

Дар чорабинии  фарҳангӣ   иштирокчиён бо рӯҳи идона иштирок намуда, шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намуда, маҳсули дастранҷи  хешро ба  намоиш гузоштанд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg