БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамзистии осоиштаи байни миллатҳо-кафили пешрафту тараққиёт аст

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату хонишҳои сиёсӣ дар маҳалла ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин  Қаюмов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Р. Мирзоев дар деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шукнов оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд.

Ҷамолиддин Қаюмов дар баромадаш дар бораи вазифаҳое, ки аз Паём бармеоянд, сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли ҷорӣ, вусъати  корҳои хоҷагидорию кишти тирамоҳӣ, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, хатари рӯз то рӯз афзояндаи терроризму экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва роҳҳои мубориза ба онҳо, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, зарар ва оқибати бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, истифодаи нодуруст аз технологияи муосир, нашъамандию нашъҷаллобӣ, амалҳои коррупсионӣ сухан ронда, ба ҳозирин роҳҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории ВИЧ/СПИД, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, қонунҳои миллӣ ва роҳҳои фаъол гардонидани сокинонро ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ бо мисолҳои  ҳаётӣ фаҳмонид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Р. Мирзоев дар назди ҳозирин дар мавзӯъи «Ҳамзистии осоиштаи байни миллатҳо–кафили пешрафту тараққиёт» баромад намуд. Мавсуф мавзӯъро дар мисоли сафарҳои кории сарони ду кишвари ҳамсоя–Тоҷикистону Ӯзбекистон шарҳ дод. 

Сокинони деҳа М.Амиршоев, С.Ашӯров, А.Салимов ва чанде дигарон баромад намуда, аз сиёсати дурандешонаи доҳилию хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона пуштибонӣ намуданд.

Намоиши ҳунарии ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилнамудаи бошандагони деҳа, ки босанъати баланди ҳунарӣ эҷод шудаанд, ба ҳамагон писанд омад.

Дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронидашуда аҳли нишаст ба ифтихори 30 солагии  ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамдастӣ як қатор корҳои созандагию бунёдкориро ба зимма гирифтанд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg