БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои фаъоли бо шуғл фаро гирифтани аҳолии маҳал мебошад

ҲАМАДОНӢ.  Дар кӯчаҳои Шарбат, Назрибеков, Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Москва чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ба муносибати эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Давлатҷон  Ғаффорзода ва шоири шинохтаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ баргузор гардид.

Сараввал меҳмонон аз ҳунарҳои мардумии омоданамудаи сокинони ин кӯчаҳо дидан намуданд.

Муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа дар бораи аҳамияти эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,сафари  кории Роҳбари давлат дар ноҳияи Данғара ҷиҳати ҳарчӣ зудтар вусъат бахшида ба кишти такрорӣ, корҳои хоҷагидорӣ ва дар бораи сафарбар кардани сокинон ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ибрози андеша намуда, сокинонро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg