БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст

ФАРХОР. Зери ҳамин мавзӯъ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо иштроки кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чоргул»-и деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти Зафар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маъмурбӣ Раҳимова иштирок ва суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро  барои ҳар чи зудтар вусъат бахшидан ба кишту кори тирамоҳӣ, корҳои хоҷагидорию кишварзӣ бо мақсади ноил шудан  ба амнияти озуқаворӣ, истифодаи сарфаҷӯёна аз нерӯибарқ ва пардохти саривақтии маблағи он, боз ҳам сайқал додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят карданд. 

Зимни суханронӣ масъулин аз усулҳои пешқадами таблиғотӣ, пешбурди корҳои ҳизбӣ, дар бораи эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз технолгияи коркарди матоъ, инчунин оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муфассал маълумот доданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ Ғуломова Лутфия намунаи ҳунарҳои худро, ки бо шаклҳои гуногуни либосҳои мактабӣ буд, ба намоиш гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg