БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мактаб даргоҳи муқаддас аст ва омӯзгор шахси мӯътабар

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик хониши сиёсӣ бо кормандони соҳаи маориф гузаронида шуд. 

Зимни баргузории  хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар ВМКБ, инчунин муташаккилона фаро гирифтани аксарияти кормандони соҳаи маориф ба сафи ҲХДТ  ва  дигар масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби масъулин мавриди баррасӣқарор шуданд.  

Дар назди ҳозирин оид ба масъалаҳои болозикр раиси Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид суханронӣ кард.

Вобаста ба баромади Раҷабзода Маҳмадсаид мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сатторов Шамсулло , сарварони муассисаҳои таълимии рақамҳои 1 ва 30 Файзов Шуҳрат ва Равшанова Салтанат  андешаҳои худро баён карданд. Онҳо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати мӯътадил гардонидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Бадахшонро дастгирӣ  карда,  иброз доштанд, ки дар масъалаи фарогирии кормандонашон ба сафи ҲХДТ мусоидат менамоянд .

Дар охири хониши сиёсӣ ба 29 нафар аъзои нави ҲХДТ аз ҳисоби маорифчиёни ноҳия билетҳои ҳизбӣ супорида шуда, инчунин сарварони муасисаҳои таълимӣ вокуниши худро ҷиҳати маҳкум кардани амал ва ниятҳои ғаразноки ҳизби террористии наҳзати ислом баён карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg