ПАНҶ. Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсози ҳар як давлату миллат буда, баёнгар ва таҷҷасумгари арзишҳои миллӣ, ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, танзимкунандаи волояти қонунҳо мебошад. Вобаста ба ин, бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Наврӯзи ҷамоати деҳоти Меҳвар вохӯрии судманд доир гардид.
Нахуст, Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия чорабиниро кушода қайд кард, ки Конститутсия – танзимкунандаи арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Имсол аз рӯзи таъсисёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пур шуд. Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо зина ба зина инкишоф ёфта, он барои зиндагии шоистаи мардум ва ҳифзи ҳуқуқҳои мардум нигаронида шудааст.
Баъдан, оид ба муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти ҳизб- баррасии муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар, ки дар он се ҳадафи асосии стратегии мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти комили энергетикӣ муайян шудааст андешаронӣ намуд.
Дар идома вакили ҳизбӣ Машрабов Шамсулло зимни баромадаш оиди хатарҳои номатлуби ҷомеа ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз дассисаву иғвогариҳои аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ суханронӣ намуд.
Чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунару истеъдоди ҳунармандони маҳал аз қабили кашидӯзиҳои гуногун, маҳсулотҳои оҳангарӣ, кандакорӣ ва амсоли онҳо роҳандозӣ гардид. Меҳмонон аз намудҳои гуногуни таомҳои миллии мардуми маҳал, ки тоҷику ӯзбеканд дидан намуда, ба меҳнату заҳмати онҳо баҳои баланд доданд. Илова бар ин, аз намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ маълум буд, ки сокинон дар таъмини амнияти озуқавории ноҳия саҳми арзанда доранд.
Асоев Орзуҷон - раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Наврӯз зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо қувваи сокинони маҳал дар партави Аксияи тарғиботӣ- ҳизбӣ «Якҷоя ҳал мекунем!» тӯи суннатии 5 нафар дӯстрӯякони маҳалро баргузор менамоем.
Дар охир, баҳри ҳавасмандии иштирокдорон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳия Файзиев Каримҷон ба фаъолон ва ташкилкунандагони чорабинӣ Сипосномаҳоро тақдим намуд. Барои болидахотирии ҳозирин кормандони хонаи фарҳанги ҷамоати деҳот баромади фарҳангӣ намуданд.