БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мизи мудаввар ба хотири истиқболи санаҳои муҳими таърихӣ

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Туғмазор” бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ғуриева Муслима ва Исмоилова Парвина мизи мудаввар доир гардид. 

Сараввал Муслима Ғуриева оид ба пешниҳодҳои сатҳи байналмиллалии Пешвои миллат ва санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз намудани чархаи НОБ-и Роғун  ибрози ақида  намуд.

Сипас, Исмоилова Парвина оид ба  сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир баромад намуд.

Дар фарҷом иштирокчиён, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида иброз намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg