Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Камолоти зеҳнии наврасону ҷавонон аз рушди соҳаи маориф сарчашма мегирад

МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии шуъбаи маорифи ноҳияи Мӯъминобод бо кормандони соҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни суханронӣ дар назди ҷамъомадагон атрофи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара санаи 05 ноябри соли равон, бори аввал ба кор даровардани чархаи якуми Нерӯгоҳи оби барқии Роғун, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои  дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз суханрониҳо дар ноҳияи Данғара бармеоянд,  самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда дар кишти такрорӣ, рушди корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ, расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ даъват ба амал оварда, ҳамагонро бо ҷашнҳои пурифтихори давлату миллат табрику мборакбод гуфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg