БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун дар хонадони миллати тоҷик манбаи нур аст

КУШОНИЁН. Чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштироки меҳмонон, табибони ҳиндустонӣ, ки  дар деҳаи дурдасти Механизатор-2 баргузор гардид,ки меҳмонони хориҷӣ моро ҳамроҳӣ карда,  зисту зиндагонии мардуми деҳаро хело хуш пазируфта, аз фарҳангу меҳмоннавозии миллати тоҷик ошно гардиданд.

Сокинони деҳаи Механизатор 2- и ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдӯзӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар  чорабинии доиргашта раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нурмаҳмадзода Кибриё  дар назди иштирокдорон оиди ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  тарбияи насли наврасу ҷавонон дар роҳи ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву корҳои созандагиву ободонӣ баромадҳо намудансухан карданд.

Инчунин, дар идомаи суханронӣ масъулин аз санаҳои муҳими таърихии дарпешистода,  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани якум чархаи НОБ-и Роғун  ёдовар шуда, сокинонро бо  ҷашнҳои пурифтихори миллат, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гаштаанд, муборакбод гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg