БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади афзоиш додани маҳсулоти дастӣ

КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

То оғози чорабинӣ масъулин аз рафти фаъолияти китобхонаи деҳаи мазкур дидан карда, аз кормандони масъули китобхона даъват ба амал оварда шуд, ки барои ҳарчи бештар ҷалб кардани наврасону ҷавонон ба китобхонӣ тамоми кӯшишҳои хешро равона созанд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ҳангоми иштирок дар чорабинӣ қайд кард, ки дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардида истодааст. Маҳз ҳамин ҳамоишҳо ба пешрафти кор дар ин самт такони тоза бахшида, пешниҳоди дастранҷи ҳунармандони мардумӣ барои афзоиш ёфтани маъсулотҳои дастӣ дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб ва берун аз он мусоидат хоҳад кард.

Дар охири чорабинӣ аз ҷонибини сарояндагону ҳаваскорони деҳа барномаи фарҳангӣ ба иштирокдорон пешкаш гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg