БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – бунёдгари ормонҳои миллат

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Матлуботчиён” тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб оид   ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид,кидар он мавсуф дар назди ҷамъомадагон оид ба  терроризму экстремизм, худкушӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи фарзанд аз хона то мактаб, одобу рафтори  ҷавонон нисбати куҳансолон ва аз ҳар гуна корҳои номатлуб, муқовимат бо коррупсия, ба фаъолият шурӯъ кардани агрегати якуми НБО-и Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маънидод карда мешавад, суханронӣ намуд.

Ичунин, оид ба эълон гардидани  соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан карда, вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳарф зада, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлат ҳар яки фарди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg