ЁВОН. Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки фаъолони ҳудуди ноҳия бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суҳбати сарироҳӣ доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсудҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани фарзандон, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуд.