БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиботи ҳизбӣ фаъолнокии ҷомеаро афзун мегардонад

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Гулистони ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳия бо мардуми деҳот вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бомаҳал вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳия Абубакр Ҷалолов, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  Умедҷон Холов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Назаров Фазлиддинва раисони Кумитаҳои маҳалу эмомхатибони  масҷидҳои панҷвақта иштирок намуданд.

Зимнан  Абубакр Ҷалолов зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият,  бахусус бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор даромадани аввалин агрегати Нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ки ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ нуру гармӣ мебахшад, муфассал суханронӣ  намуд.

 Инчунин, дар рафти суҳбат оид ба  масъаллаҳои марбут ба ахлоқи ҷомеа ва рушду пешрафти фарҳангу маърифати  шаҳрвандон суҳбат ороста шуд. Масъулин аз раисони Кумитаҳои маҳал ва хатибони  масҷидҳои панҷвақтаи деҳот даъватба амал оварда  шуд, ки дар байни мардум корҳои фаҳмонидадиҳиро ҷоннок намуда,  сиёсати оқилонаи Сарвари мамлакатро ба саҳми мардум дуруст расонанд,  то ҳисси миллӣ ва дарки ватандӯстии онҳо баланд гардад.

Суҳбати гуворо ва маърузаи пурмуҳтавои масъулинро кулли иштирокчиён ҳаматарафа ҷонибдорӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg