БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва бақои давлат аст!

ДАНҒАРА. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Бахши фарҳанги ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок карда, доир ба мавзӯъҳои фарҳанг – ҳастии миллат, 16 ноябр -  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз намудани чархаи (агрегат) аввалини НБО-и Роғун, муқаддасоти миллӣ, тарбияи зебоипарастии аҳолӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунам!” ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу равияҳои ифротию иртиҷоӣ, риояи қонунҳои миллӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.

Дар идома мавсуф иброз дошт, ки бахши фарҳанг ҳамчун таҳкимгари зебоипарастӣ, дар меҳвари таъриху тамаддуни қадимӣ, муаррификунандаи фарҳанги аҷдодӣ ҷиҳати тарбияи маънавии аҳолӣ нақши созандаеро дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg