
ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи дурдасти Кафтархонаи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ доир намуданд.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашнҳои пурифтихори миллат раҳнамоӣ намуд.
Ҳамзамон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева оид ба ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла дар бораи тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО ибрози ақида кард.
Дар охир вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати мазкур Шоева Зарафшон аз номи сокинони деҳа пас аз суханрониҳои судманд аз дастовардҳои даврони истиқлолият ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории хешро баён намуд.