БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдоми созандаи Пешвои миллат ба хотири пешрафти рӯзгори мардум

ВАХШ. Дар деҳаи Шар-Шари ҷамоати шаҳраки Киров чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки барои инсони боҳунар аз ҳама чизи гарон ва муқаддас ин ҳунари волояш мебошад.  Ҳунарҳои миллӣ  натанҳо меъроси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ миллати тоҷик метавонад, тамаддуни фарҳанги миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Имрӯзҳо эҳё ва ҳифз намудани анъанаҳои некиниёгон ва ҳунарҳои мардумӣ қарзи ҳар як фарди тоҷик мебошад ва муарифии он таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба кишвари мо ҷалб менамояд.

Дар охир Ҷалилов Исмоил аз намоиши омоданамудаи занони ҳунарманди деҳа, аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ,  қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва дигар ҳунарҳои дастии мардум дидан карда, ба ҳунари интихобнамудаашон барору комёбӣ таманно намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg