
Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сидиқова Меҳрубон иштирок дошта, оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинони маҳал бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии аҳли ҷомеа, аз байн бурдани бегонапарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.