БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар касро соҳибэҳтиром мегардонад

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ҳақиқат 1-и ҷамоати деҳоти ­Ғаллаобод бо сокинони маҳал вобаста ба Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон  оид ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт анҷом додани  кишти тирамоҳӣ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  моҳияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ карда, аз ҳамагон барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии  чорабинӣ   масъулин  аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ва  ҳавасмандии зиёд намоиши ҳунарҳои миллиро бо рангорангиҳо   ташкил карда буданд, дидан намуда, ба ҳунару маҳорати волои ҳунармандони хушзавқу чирадасти деҳот  аҳсан гуфтанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg