БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарҷамъӣ ва муттаҳидии мо аз ваҳдату субот аст

ПАНҶ. Вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати деҳоти Меҳвар таҳти унвони  “Сарҷамъиву муттаҳидии мо аз ваҳдату субот аст» роҳандозӣ гардид.

Дар меҳвари вохӯрӣ мавзӯҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб қарор доштанд. Нахуст, вохӯриро Файзиев Каримҷон хусни оғоз бахшида оид ба  аҳамият ва моҳияти Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон гуфта гузашт. Дар идома оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб - моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот  ва амнияти кишвар будан  андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, кайд намуд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Точикистон мебошанд. Пас ҷавонон на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро  ба он равона созанд, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ яке аз фаъолони ҳизб Раҳмонов Рауф зимни суханронӣ оиди терроризму экстремизм мулоҳизаронӣ намуда, иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану  рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишмандӣ аз назари технологӣ пешрафта бошанду созандагиву эҷодкорӣ намоянд, илова бар ин бояд сарҷамъу муттаҳид буда, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсии имрӯзаи ҷаҳон нашаванд. Яъне, мардум бояд ҳуввияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ дошта бошанд, бо сабру  таҳаммул ва иттифоқу сарҷамъӣ  дар роҳи интихобкардаи худ устуворона пеш раванд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg