БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қадамҳои устувори Пешвои миллат дар роҳи таъмини амнияти энергетикӣ

АНДЕША. Бешубҳа, ба кор даромадани аввалин агрегати НБО «Роғун» ин пирӯзии бемисли халқи тоҷик дар роҳи расидан ба истиқлолияи комили энергетикии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Иншооти номбурда барои зиндагии шоистаи насли имрӯзу ояндаи кишвар ва манбаи нуру равшанӣ қарор ёфтани он ҳамеша хизмат хоҳад кард. Роғун манбаи бузурги истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мегардад, ки аз назари истифодаи боэътимоди захираҳои табиат дар оянда хеле муҳим аст, хусусан, дар шароите, ки истихроҷи нафту газ дар ин соҳа нисбат ба барқ зарарнок буда, наметавонад беохир давом кунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки: «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад»

Аз ҷониби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дастгирӣ ёфтани сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмуъ барои таъмини пойдории давлату фарҳанги миллиамон равона гаштааст, далели дарку эҳтироми адолату адолатпарвар мебошад.

Ҳамагон хуб медонему огоҳ ҳастем, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Дар давраҳои пешин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт, аммо дигар замоне фаро расид, ки мебоист миллати тоҷик аз имтиҳони сангини таърих гузарад.

Бо дарки ин воқеият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили нерӯгоҳҳои хурду бузург иқдом кард ва Роғунро марзи номуси миллат муқаррар намуд.

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

Дар зимн, ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1 ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди миёна, идомаи босураъти корҳо дар НБО-и Сангтудаи-2 низ наметавонанд ин проблемаро ба пуррагӣ аз байн баранд. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот сохтани НБО-и калонтарини Роғун аст.

Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ, НБО «Роғун» сохтмони азимест, ки ҳанӯз солҳои 1930 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо танҳо соли 1960 корҳои омӯзишии он оғоз гардида, соли 1976 бунёдаш сар шуд. Аммо пас аз пош хӯрдани ИҶШСбунёди ин сохтмон қатъ шуд. Бунёди ин иншоот ҳамон қадаре, ки барои Тоҷикистони шӯравӣ ҳаётан муҳим буд, бештар аз он барои Тоҷикистони соҳибистиқлол тақдирсоз гардид.

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи иншоотҳои бузург, алалхусус бунёди НБО «Роғун» қадамҳои устувор гузошта шуд, ки ин ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди таърихӣ пайдо кард.

То ба истифода додани аввалин агрегати НБО «Роғун» инак рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Чӣ тавре дар боло зикр гардид, ҳарчанд сохтмони ин иншоот дар замони Шӯравӣ оғоз гардида бошад ҳам, вале бар асари ҳарзагӯиҳои ҳангоматалабонаи иддае аз «зиёиён» дар он хусус, ки гӯё бунёди ин иншоот ба мардуми минтақа зарари калон мерасондааст, сохтмони НБО боздошта шуд. Хушбахтона, бо талошҳои Пешвои муаззами миллат дубора корҳои бунёдкорӣ дар ин иншоот оғоз ва ҷӯшу хурӯш ёфтанд. Шахсан ман шоҳиди руйдоди таърихии санаи 29 октябри соли 2016 - баста шудани пеши дарёи Вахш будаму то ҳанӯз дар зери таъсиру таассуроти он қарор дорам. Рости гап, асосан дар ин руйдоди нотакрори таърихӣ пеш аз ҳама ибратомӯз он манзара буд, ки тӯли якуним соат Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар сари чамбараки булдозер нишаста бо ибрати шоистагӣ, шуҷоату мардонагӣ ва камоли маҳорат пеши дарёро бубастанд ва аз тарафи як соҳил ба соҳили дигар гузаштанд. Ин амалро, яъне маҷрои дарёро бастани Президенти Тоҷикистон рамзҳои зиёде дошт, аз ҷумла рамзи пирӯзӣ ва истиқлолияти мо дар ин амал таҷассум ёфт. Ҳамон рӯз Пешвои миллат гуфтанд: "Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт."

Дар ҳақиқат, ҳар як муроҷиати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Пешвои миллат дар вуҷуди ҳар як ватандор ору номус ва виҷдону садоқатро бедор кард.           

Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан,

Бо нидояш ҳамгиро халқи Ватан.

Агар боз ояндабинтар бошем, яке аз падидаҳои ҷолиби бунёди НБО-и «Роғун» обанбори бузурге хоҳад буд, ки бо гузашти солҳо бузургтар шудан мегирад ва барои мураттаб сохтани маҷрои об ва нигоҳ доштани сатҳи кифояи он барои кишварҳои поёноб ҳатто дар солҳои хушкӣ аҳамияти фавқулода дорад. Аз рӯи маълумотҳои мутахассисони соҳа бояд қайд кард, ки бунёди НБО-и «Роғун» танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи обрави Амударё таъмин мекунад. Зиёда аз ин имконият ва кафолат медиҳад, ки беш аз 3 миллион гектар замин дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд. Ин обанбор ба кишварҳои поёноб ҳам барои обёрии заминҳои мавҷуда ва ҳам барои шодоб кардани заминҳои навкорам шароит муҳайё месозад. Яъне сохтмони Роғун ҷавобгӯи талаботҳои миллии ҳам Тоҷикистон ва ҳам тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.                          

Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад. Дар натиҷаи ба истифода дода шудани НБО-и «Роғун» даҳҳо корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба пуррагӣ бо барқ таъмин мегардад. Ба ғайр аз ин, дар фасли баҳору тобистон имкон ба миён меояд, қувваи барқи изофагӣ ба  хориҷи кишвар интиқол дода, аз фурӯши он ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд ворид шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад ва онро бояд ба мақсадҳои стратегии давлат истифода намуд. Бинобар ин, сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди барқарор кардани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и “Роғун” ин сиёсате мебошад, ки баҳри манфиатҳои халқ, давлат ва истиқлолият дорои аҳамияти ҳаётан муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, тамоми аҳолии ҷумҳурӣ сохтмони НБО-и “Роғун”-ро гарму ҷӯшон дастгирӣ намуда, онро иншооти тақдирсози миллат меҳисобанд.

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,

Аз шаш тарафи Ватан навид  омадааст.

Бар миллати мо Сарвари фархунда  накӯст,

Ҳамфикрӣ зи ҳамдилӣ падид  омадааст.

Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу  суханаш,

Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш.

Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,

Созандаи НОБ-и «Роғун» ин ҳамватан аст.

Барҳақ, НБО-и “Роғун” яке аз иншооти ҳаётан муҳими стратегӣ ба шумор рафта, дар кори мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолият ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ аҳамияти тақдирсоз дорад.

Биёед ҳар яки мо ба хотири ояндасозии кишвари соҳибистиқлоламон ва рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳмгузор бошему дар ин ҷода ҳамқадам бо сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Муҳамаддовуд ҲАЛИМЗОДА - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg