Роғун манбаи нуру зиё аст

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  деҳаи Сари мағзори ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ доир намуданд.

Зимнан сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ «Овози халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Қурбонзода Шифо дар назди ҷамъомадагон  дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истифода додани  чархи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун суханронӣ намуда, ҳамагонро барои эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, сарфаҷӯёна истифода бурдани нерӯибарқ ва пардохти саривақтии маблағи он ҳидоят намуд.

Дар охирсокинон  низ фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба НОБ-и Роғун баён дошта, бо фараҳмандиву сарфарозӣ  аз ташаббусҳои ғамхоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ   шукргузор буда, изҳори  миннатдорӣ  карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg