БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Яке аз ҳадафҳои ҲХДТ таъмини амнияти озуқаворист

А.ҶОМӢ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҲХДТ, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита бо марал эълон намудааст, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида баргузории вохӯриҳою мулоқот дар ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳо қариб, ки ҳаррӯза дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус ҷавонони маҳал хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад, вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон, Ашҷӯров Сунатулло мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот ва Ҷамолиддини Маҳмашариф мутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ, дар ташкилоти ибтидоии «Ташхис»-и назди Маркази Ташхиси Бехатарии Озуқа дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  баргузор гардида, аз ҷониби масуълин доир ба ҳадафу мақсад ва аҳамияти тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷалби аъзо ба ҲХДТ, пешгирӣ аз хатари ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи таърихии миллати тоҷик, эҳёи анаъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористиву экстремистӣ ва ғайра диққати ҳамагонро ҷалб намуданд.

Дар охири вохӯрӣ бо мақсади зиёд кардани сафи аъзо ва босифат гардонидани фаъолияти дохилиҳизбӣ, як қатор дастуру ёрии методӣ пешниҳод гардид.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg