БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солмандон масъули тарбияи ҷавонон ҳастанд!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Родмардон» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзуи «Тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова ва раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Моисеев Александр ва 9 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр дар сатҳи баланд доир карда шуд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Ҷ. Шомаҳмадова ва Н. Сабурзода оид ба масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда қайд намуданд, ки: -Мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих гузашта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар ин замина яке аз иқдоми муҳимми роҳбарияти кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсию иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиби дар миқёси собиқ давлатҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ қабул намудани қонунҳои миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Агар ба ҳикмат ва мантиқи таърихии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» назар кунем ҳаёти муназзами имрӯзаи худро бе он тасаввур карда наметавонем.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки солмандон масъули тарбияи ҷавонон ҳастанд ва бояд дар ин самт саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg