ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҳроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси ҳамин шуъба Фирӯз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии деҳот»-и ноҳия хониши сиёсӣ гузарониданд.
Гадоӣ Сайдалиев оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кормандони корхонаи давлатии обтаъминкунии деҳоти ноҳия вохӯрӣ гузаронид.
Фирӯз Пиров бошад дар бораи риояи қонунҳои миллӣва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ меюбошад, суханронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани Аксисияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳидоят намуд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дастурамали коргузориву ҳуҳҳатнигорӣ ва пешбурди фаъолияти молиявии сохторҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар маводҳои таблиғотиро супориданд.