Иҷлосияи 16-ум барои давлату миллат тақдирсоз буд

ФАРХОР. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон дар ташкилоти  ибтидоии «Беморхонаи №3» бо аъзои ҳизб баргузор гардид.

Зимнан, Назаров Алиҷон оид ба аҳамияту моҳият ва таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон ибрози андеша намуда, ёдовар шуд, ки таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ин Иҷлосия сарчашма мегирад. Мо ба он хотир ба ин Иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки бо шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ гаштем. Бо даъват шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон марҳилаи нави пешгирии нобасомониҳо оғоз ёфт.

Ҳамчунин, дастоварди муҳимму тақдирсози Иҷлосия ҳамин буд, ки вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

Дар ин Иҷлосия зиёда аз 30 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гиритфанд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон -Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуданд, ки ин аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод. Дар ҳамин замина ба эҷоди сохти нави давлату давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд.

Ҳамчунин, мавсуф атрофи кушодашавии Чархаи якуми НБО Роғун, ки дар рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент санаи 16-уми ноябри соли равон баргузор мегардад, муфассал суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg