Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Робитаи ҲХДТ бо маҳал боиси тарғиби фарогири ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои ниёгон гардид

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Оишабулоқи ҷамоати деҳоти ба номи Саидмӯъмин Раҳимов вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, рӯзи 07 ноябри соли 2018 сокинон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар ВМКБ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , ба истифода додани агрегати якуми НБО-и Роғун , Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон , Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакилони ҷамоат Абдуллоев Саидқул ва Шарипов Раҳматулло иштирок намуда, атрофи суханрониҳои Асосгузори сулҳ у ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо фаъолони вилоят, рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушжди корҳои хоҷагидорӣ, вусъат бахшидан ба кишти тирамоҳӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ вобаста ба ин хониши сиёсӣ андешаронӣ карданд . Сипас бо иштирок ва фарогирии зпешгирӣ аз шомилшавии шахрвандон, алалхусус ҷавонон андешаронӣ карда, мардумро ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ ҳунармандону кишоварзони моҳир намоиши ҳунарҳои мардумиро ташкил карданд, ки дар он ва маҳсули дастони деҳқонон ва ҳунармандони хушзавқ ба намоиш гузошта шуданд. Вохӯрӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бори дигар бартарияти робитаи ҳизбро бо деҳот ва фаъолнокии мардуми деҳотро дар баргузории чорабиниҳо собит сохт .

Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ба сокинони деҳа барои фаъолнокии баландашон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg