Зиндагии осудаи мо аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат аст!

ПАНҶ. Бо ибтикори масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии Ваҳдатобод бо аъзо ва фаъолони ҳизбӣ маҳал хониши сиёсӣ таҳти унвони «Зиндагии осудаи мо аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат аст» баргузор карда шуд.

Вохӯриро Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия кушода, сараввал оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва баъдан   оид ба хизматҳои дурандешона ва шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд. Қайд шуд, ки  хизматҳои беназири фарзанди фарзонаи миллат  дар рушди иқтисдиёти кишвар, пойдор намудани сулҳу субот, барқарор намудани амнияти кишвар лоиқи таҳсину ёдоварист. Исботи ин гуфтаҳо сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мебошад. Зимни ин сафари кори Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара, ки минтақаи озоди иқтисодӣ унвон гирифтааст дар ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат варзиданд. Презиенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, кишоварзонро барои идомаи заҳмати пайваста, таъмини дурнамои соҳа ва ҳамин гуна бунёду нигоҳубини боғҳои намунавӣ ҳидоят намуданд. Ҳамаи ин созандагиву бунёдкориҳо баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвари азизамон мебошад.

Дар идома Саидова Раъно яке аз фаъолони маҳал бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ иброз дошт, ки мо бошандагони маҳал дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ободонии деҳаи худ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузори менамоем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg