Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот бо шаклу услуби хоса эҳё мешаванд

НОРАК. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чал-Чал”-и маҳаллаи Чал-Чали ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Зоиров Савзалӣ, Ғуриева Муслима, Исмоилова Парвина, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Қосимов Қудратулло ва дигар шахсони даъватӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хеш, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва инчунин, хӯрокҳои миллии омодакардаашонро  ба намоиш гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯрӣ Муслима Ғуриева оид ба ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла дар бораи тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак Қосимов Раҳматулло оид ба мафҳуми Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, ва кушодашавии НБО-и Роғун  ибрози ақида намуданд.

Дар рафти чорабинӣ кормандони ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg