Ҳунарҳои мардумӣ ба қалби ҷавонон роҳ ёфта, анъанаҳои ниёгон эҳё гашта истодаанд

Н.ХУСРАВ. Тибқи нақшаи шашмоҳаи дуюми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Сангоба 3-и ҷамоати деҳоти Наврӯз бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда қайд кард, ки сокинон бо масъулияти баланди фарҳангӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати амалӣ намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ва сазовор истиқбол намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ иштирок намуданд. Боиси қайд аст, ки чорабинӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо мо дар фазои сулҳу субот, истиқлолият ва ягонагӣ дар ин Ватани биҳиштосо кору зиндагӣ намуда истодаем.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродов Раҳмон қайд намуд, ки масъалаҳои ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, ташкили корҳои хонагӣ, густариши урфу одатҳои неки мардумӣ дар рушду нумуи кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа такони ҷиддие дар рушду нумӯи кишвар нақши басо муҳимро мебозад.

 Инчунин қайд намуд, ки дар пеш санаҳои муҳими таърихӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, дар ҳамин рӯз ба истифода додани чархаи якуми Нерӯгоҳи оби барқии Роғун дар назар аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg