БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои созандаи ҲХДТ омили рушди ҷомеа мебошанд

КУШОНИЁН. Чорабинии сиёсиву фарҳангии ҳизбӣ, бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Орзуи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа баргузор гардид.

Сокинони ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои нонӣ, шириниҳои гуногун, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдӯзӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Зимни баргузории чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нурмаҳмадзода Кибриё оид ба моҳияти санаҳои муҳими таърихии Иҷлосияи16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваба фаъолият оғоз намудани чархаи якуми НОБ-и Роғун андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати расидан ба қадри меҳнатҳои Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот варасидан ба истиқлолияти энергетикӣ даъват ба амал оварданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg