Зиёдшавии сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби соҳаи тандурустӣ

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ-и шаҳри Кӯлоб” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Мулоқот бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер оғоз гардид.

Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ дар навбати худ вобаста самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, изҳор кард, ки бо мақсади ташаккул додани мафкураи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пайваста бо табақаҳои гуногуни ҷомеа бо мардум суҳбату вохӯриҳоро дар доираи нақшаи чорабиниҳо баргузор менамояд.

Дар охир ба ъазои нави ҲХДТ барои ба сафи ҳизб пайвастан  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg