БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ орзуи деринтизори миллати тоҷик аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо кормандони он хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан, бо сухани муқаддимавӣ раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Х. Саидов хониши сиёсиро ҳусни оғоз бахшида, мақсади ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонид. Баъдан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат бо коррупсия (ришвагирӣ), рушд ва эҳёи анъанаҳои миллӣ, ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолияти шурӯъ намудани аввалин чархаи НБО-и Роғун, ки маҳз бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, андешаронӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат қайд карда шуд, ки барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат расида, нерӯи барқро сарфаҷӯёна истифода баранд ва маблағи ҳаққи хизматрасонии онро сари вақт пардохт намоянд. Инчунин, барои ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ, ки боиси беҳбудии сатҳи зиндагонии мардум ва баланд гаштани маърифату маданияти халқи тоҷик дар арсаи байналхалқӣ мегардад, сайъу талош варзанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg