Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Комёбиҳои мо натиҷаи меҳнати софдилонаи ҳар яки мост

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Шаҳринав”-и ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳия бо як қатор занони деҳот оид ба Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин зимни вохӯрӣ бо сокинон атрофи дастовардҳои муҳими сиёсӣ-фарҳангӣ ва иқтисодие, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини Тоҷикистон дастрас гардидааст, аз ҷумла таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии якумин чархаи Нерӯгоҳи оби барқии Роғун андешаронӣ карданд. Сокинони деҳот пас аз суханрониҳои судманд аз дастовардҳои даврони истиқлолият ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор буда, минатдории хешро баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg