Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Солимии ҷомеа мақсаду мароми асосии мост!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДД дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара баргузор гардид.

Дар чорабинӣ доир ба мавзӯъҳои ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани аҳолӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари содиркунандаи қувваи барқ табдил ёфтан, баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, риояи қонунҳои миллӣ, муқаддасоти миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, назорати сифати маҳсулоти ғизоӣ ва шароити кории биноҳо, пешгирӣ аз сироятшавии аҳолӣ аз ҳаргуна вирусҳо, соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, созандагиву ободкориҳо суханронӣ карда шуд.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад  иброз дошт, ки шароити истифодабарии биноҳо ва назорати маҳсулоти ғизоӣ боиси коҳиш додани сатҳи сироятшавӣ аз ҳар гуна вирусҳо гардида, ба рушд ва пешрафти сифатноки соҳаҳои гуногун таъсири амиқ мегузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg